Паёми шодбошии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати ҷашни Сада
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 250
Ҳамдиёрони арҷманд!
Миллати тоҷик бо фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ дар ҷаҳон ҷойгоҳи хоса дорад. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, амсоли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Аз ин инҳо Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқ ба солшумории мелодӣ ба поёни рӯзи 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд.
Аз ин рӯ, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷашни Садаро дар тамоми ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта истодаанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб сокинони меҳнатқарини вилоятро ба хотири таҷлили ҷашни Сада табрик гуфта, дар оғози фарорасии бедоршавии табиат саодатмандиву бурдбориҳо таманно менамоям.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.
Ҷашни Сада чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон, муждае аз наздик расидани баҳор ва чун гиромидошти ойини ниёгон ва бузургдошти Хуршед истиқбол гирифта мешавад.
Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад. Ба хотири гиромидошти он мардум, бахусус деҳқонон гулханҳои бузург афрӯхта, шодиву хушҳолӣ менамоянд.
Соли сипаригардидаро мардуми сарбаланди вилояти Хатлон дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ соли бобарор ва самарабахш арзёбӣ менамоянд.
Муждаи фарҳангӣ барои на танҳо мардуми Хатлонзамин, балки тамоми тоҷикистониён ин буд, ки 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамфарҳанг номинаҳои «Ҷашни Сада», «Анъанаи бофтани атласу адрас» ва «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Соли 2023 вилояти Хатлон дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шароити зиндагии халқ дар қиёс бо солҳои пешин беҳтар шуд. Сафарҳои кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон файзбахшу нусратовар буданд ва дар доираи он даҳҳо иншооти муҳимми таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, маъмуриву маишӣ, саноативу кишоварзӣ бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят давоми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 35 млрд. 326 млн. 251,2 ҳазор сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба соли 2022-юм ба 106,8 фоиз баробар гардид (афзоиш 2 млрд. 251 млн. 840,1 ҳазор сомонӣ).
Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 103,1% (24 млрд. 640 млн. 108,2 ҳазор сомонӣ), соҳаи чорводорӣ 116,5%-ро (10 млрд. 686 млн. 143,0 ҳазор сомонӣ) ташкил дод.
Соли 2023 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ 1 млн. 86 ҳазор тонна ғалладона, 229 ҳазор тонна пахта, 227 ҳазор тонна картошка, 1 млн. 800 ҳазор тонна сабзавот, 764 ҳазор тонна полезӣ, 276 ҳазор тонна мевагиҳо, 92,6 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардид. Афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2022 аз 1,2 то 16,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи чорвопарварӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 237 ҳазор тонна (117,6 %), шир 575 ҳазор тонна (106,0 %), тухм 134 млн. дона (110 %), пашм 6000 тонна (104,0%), пилла 116 тонна (64,2%) асал 1220 тонна (100,5%) ва моҳӣ 3900 тоннаро (110,4%) ташкил дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2022 аз 0,5 то 17,5 фоизро дар бар мегирад.
Кишоварзони вилоят бо андешидани тадбирҳои омодагӣ - шудгор, нуриандозӣ, обмонии захиравӣ, обшӯйкунии заминҳо, яхобмонӣ, нигоҳдорӣ ва шиба кардани барф дар бехи дарахтон, захира намудани тухмиҳои сифати аъло ва нуриҳо дар анборҳо ба хотири фаровонҳосилӣ, буриш ва башаклдарории дарахтон, мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо, таъмири олотҳои коркарди хок ва омода намудани техника ба кишту кори баҳориро анҷом медиҳанд.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кишоварзон вазифаҳои бениҳоят муҳимро ба миён гузошта, қайд намуданд: “Вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он – хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд гардида истодааст. Дар баробари ин, тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем”.
Эътимоди комил дорам, ки соли ҷорӣ ба хотири амалишавии барномаҳои стратегӣ ва нақшаву ниятҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллатамон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвари вилояти Хатлон азму талоши худро баҳри ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон равона месозад.
Мардуми заҳматқарину сарбаланди вилояти Хатлон бо иродаи қавӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин нияти хайр, бори дигар мардуми иззатманду сарбаланди вилояти Хатлони бостониро бо фарорасии ҷашни Сада самимона табрик гуфта, ба кулли ҳамдиёрон сиҳатмандиву нишоти умр, бахти поянда, офиятмандӣ ва кушоиши кор таманно дорам.
Ҷашни Сада муборак бод, ҳамдиёрони азиз!
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...