Ба 80 муассиса ҷиҳози таълимӣ дастрас шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 287
Дар МТМУ №16-и шаҳри Бохтар намоиш ва тақсимоти таҷҳизоти таълимию технологӣ ба 80 муассисаи таълимии лоиҳавӣ баргузор гардид. Дар ин маросим муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, намояндагони шарикони рушд ва дигар масъулон ширкат доштанд.
Таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати дарҳои кушод ва ҳамкории зичи Тоҷикистон бо шарикони рушд ҷиҳати беҳтар шудани шароити таълиму тарбия корҳои зиёду нафъоваре анҷом дода мешаванд. Бахусус, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ки бо Вазорати маориф ва илм, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст, ба 80 муассисаи таълимӣ кӯмакҳои гуногун, ба монанди компютер, тахтаи электронӣ, принтер ва дигар ҷиҳози хониш расонида мешавад.
Лоиҳаи “Мактабҳои 2030” дар чанд марҳила амалӣ шуда, ба муассисаҳои таълимӣ кумакҳои зиёде хоҳад расонид. Дар муассисаҳои лоиҳавӣ касбияти омӯзгорон ва шароити таълим беҳтар хоҳад шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00