Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДДТХ: дар соли 2024 масъалаи бо ҷои зист таъмин намудани ҳайати профессорону омӯзгорон ҳал хоҳад шуд


ДДТХ: дар соли 2024 масъалаи бо ҷои зист таъмин намудани ҳайати профессорону омӯзгорон ҳал хоҳад шуд



Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар дурнамои наздик ният дорад, ки заминаи моддӣ-техникии худро таҳким бахшида, имкониятҳои  потенсиалии он хеле зиёд намояд. Дар ин бора ДДТХ дар саҳифаи фейсбукии худ менависад.

Зимни бародари худ ректори донишгоҳи мазкур Қурбон Убайдулло зимни бародари худ дар яке аз консертҳои ҷумҳуриявӣ таъкид намудааст, ки дар ояндаи наздик  дар донишгоҳду факултети нав -  “Кори тиббӣ – профилактикӣ” ва  “Фарматсевтӣ”  таъсис дода мешавад.

Ҳамзамон, шумораи донишҷӯёни донишгоҳ дар соли таҳсили 2024-2025 то ба 800 нафар расонида, сохтмони иншооти Маҷмааи донишгоҳ, аз қабили бинои хобгоҳи донишҷӯён, бинои истиқоматии омӯзгорон, бинои Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотӣ, биноҳои таълимии № 2 ва 3 ва бинои Клиникаи донишгоҳӣ идома меёбад.

-Дар назар аст, ки дар давоми соли 2024 масъалаи бо ҷои зист таъмин намудани ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ба  пуррагӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд, -иброз дошт Қурбон Убайдулло ҳангоми баромади худ.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода