Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Панҷ. Саноат рушд мекунад


Панҷ. Саноат рушд мекунад



Бо мақсади рушди соҳаи саноат, таъмин намудани сокинон бо ҷойҳои нави корӣ ва коркарду истеҳоли маҳсулоти дохилӣ дар ноҳияи Панҷ корхонаи истеҳсоли шир фаъолият мекунад. 

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сафаралӣ Музаффаров Корхонаи ҶДММ “Ганҷи мо” дар ноҳияи Панҷ фаъолият мекунад, ки ба коркарду истеҳсоли маҳсулоти ширӣ сарукор дорад. Дар корхонаи мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, зиёда аз 10 номгӯи маҳсулоти ширӣ истеҳсол карда мешавад. 

Бояд тазаккур дод, маҳсулоти ин корхона аз ҷиҳати  экологӣ тоза буда, дар як шабонарӯз 300-350 килограмм маҳсулоти ширии гуногун истеҳсол карда мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода