Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲУНАРМАНДОНИ НАМОИШНОМАИ “ЗОЛ ВА РУДОБА” БА ЭРОН РАФТАНД


ҲУНАРМАНДОНИ НАМОИШНОМАИ “ЗОЛ ВА РУДОБА” БА ЭРОН РАФТАНД



21 январ, ҳунармандони намоишномаи "Зол ва Рудоба" барои иштирок дар Фестивали бонуфузи байналмилалии 42-юми "Фаҷр" ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни гусели ҳунармандон барояшон барору пирӯзӣ таманно карда, барои муаррифии шостаи фарҳанги тоҷик роҳнамоӣ намуданд.

Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоишномаи "Зол ва Рудоба" аз рӯйи асари “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода, саҳнавигардонии Ҷумъа Қуддус бори аввал дар Фестивали байналмилалии “Фаҷр”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири ишқии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи умумии тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайяне дорад. 

Ҳайати эҷодии театр бо намоишномаи "Зол ва Рудоба" соли 2023 дар озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ – «Парасту» соҳиби ҷойи дувум шуда буданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода