Чорводорӣ - соҳаи сердаромад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 300
Дар Тоҷикистон чорводорӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад, ки хоҷагидорон аз он васеъ истифода мебаранд. Рушди бесобиқаи чорводорӣ дар кишвар, хусусан дар маҳал барои пешрафти иқтисодиёт василаи созгор маҳсуб меёбад.
Ин таҷриба дар хоҷагии деҳқонии “Мири Пок” истифода бурда мешавад. Хоҷагии мазкур дар Ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и шаҳри Кӯлоб воқеъ буда, дар он нигоҳубини се навъ чорвои хушзот ба роҳ монда шудааст. Дар ин фермаи чорвопарварӣ тамоми шароити мусоид барои парвариши чорво дар фасли тобистон ва зимистон муҳайё буда, захираи хӯроки он низ ба таври кофӣ назаррас аст.
Парвариши чорво дар ферма асосан барои шир ва гӯшт ба роҳ монда шуда, масъулон иброз медоранд, ки маҳсулоти онҳо нисбати маҳсулоти зоти чорвои маҳаллӣ бартарият дорад. Аз як сар чорво дар як шабонарӯз 15-20 литр шир гирифта мешавад. Хоҷагидорон ният доранд, ки дар баробари зиёд намудани саршумори чорво, инчунин коргоҳҳои коркарди ширро ташкил намуда, мардумро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...