Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 210 ҳазор бех ниҳоли тут ба Хатлон ворид гардид


210 ҳазор бех ниҳоли тут ба Хатлон ворид гардид




Ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи кирмакпарварӣ ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Бо мақсади васеъ намудани майдони тутзор пайваста аз хориҷи кишвар ба вилояти Хатлон навъҳои гуногуни ниҳоли тут ворид карда мешавад.

Ин навбат аз Ҷумҳурии Узбекистон ба вилояти Хатлон 210 ҳазор бех ниҳоли тути навъи “Марҳамат” ворид гардид, ки ба иқлими вилоят мутобиқ мебошад. Аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик” дар вилояти Хатлон ниҳолони тут ба масъулони шаҳру навоҳӣ супорида шуда, бо кумаки аҳолӣ дар заминҳои муайянгардида шинонда мешаванд.

Бояд изҳор дошт, ки дар ҳудуди вилоят 1340 гектар тутбоғ мавҷуд аст, ки ҷиҳати рушд бахшидан ва дар ин замина парвариш намудани кирмакпарварӣ мусоидат мекунад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода