ДАР ХАТЛОН ЯК ЗАН ЧОРГОНИК ТАВАЛЛУД КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 290
Субҳи дирӯз, 14 январ, соати 6:00, дар шуъбаи таваллуди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар сокини ноҳияи Хуросон Миҷгона Асоева чоргоник таваллуд намуд.
Хабари мазкурро сардухтури беморхонаи вилоятӣ Хушнуд Баҳодуров ба рӯзномаи "Хатлон" тасдиқ намуда, гуфт, ки М. Асоева ду писару ду духтар таваллуд кардааст.
Ба гуфтаи мутахассисон, ҳарчанд таваллуд душвор ва бо мудохилаи табибон сурат гирифта бошад ҳам, ҳолати навзодон хуб арзёбӣ карда мешавад.
Вазни кӯдакон низ мутобиқ ба ҳолати таваллуд буда, аз 1 кг 600 гр то 2 кг 100 гр мебошад.
-Ҳолати модари кӯдакон дар ҳолати вазнин бошад ҳам, дар ҳоли ҳозир рӯ ба беҳбудӣ омада истодааст, - гуфт табиби беморхонаи мазкур Нодира Раззоқова.
Сартабиб Хушнуд Баҳодуров гуфт, ки табибону момодояҳои ботаҷрибаи беморхона барои нигоҳубини модару кӯдакон вобаста шуда, ҳар лаҳза аз ҳолати саломатии онҳо бохабар мешаванд.
Миҷгона Асоева, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти “Қизилқалъа”-и ноҳия Хуросон буда, пеш аз ин як фарзанд низ таваллуд намуда буд.
Падари чоргоникҳо муҳоҷири меҳнатӣ буда, айни ҳол дар Россия қарор дорад.
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...