Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 115 ғолиби «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» қадрдонӣ мешаванд


115 ғолиби «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» қадрдонӣ мешаванд




Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-479 “Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”” қарори раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расид.

Тибқи ин қарор, ки 8 январ, таҳти №3 имзо шудааст, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои ғолибони даври вилоятии Озмун тасдиқ гардидааст. Барои ҳавасмандгардонии 115 нафар ғолибон ва 50 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии озмун пирӯз омадаанд, инчунин хароҷоти изофии озмун 470 ҳазору 235 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин озмун ҳам барои барандагони ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 2000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.

Қобили қайд аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода