Беш аз ним миллион сомонӣ барои даври вилоятии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ҷудо шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 193
Барои қадрдонии ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси вилояти Хатлон 578 ҳазору 520 сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040), ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши илмҳои дақиқ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар соли 2024 қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли ҷорӣ, №1 ба имзо расид. Дар асоси ин қарор, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” тасдиқ карда шуданд.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа доир гардида, ба ғолибони ҷойҳои якум диплому 5000 сомонӣ, ғолибони ду ҷойи дуюм диплом ва 3000 сомонӣ ва ба се ғолиби ҷойи сеюм диплом ва 2000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда мешавад. Ҳамзамон, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии озмун сазовори ҷоиза мегарданд, 2000 сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...