Ҳаҷми мукофотпулӣ зиёд гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 228
Бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳаҷми мукофотпулӣ барои ҳавасмандии ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2024 ба таври назаррас афзоиш дода шуд.
Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли ҷорӣ, №2, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо ғолибони озмун ва омӯзгорону волидайнеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Озмун барандаи ҷоизаҳо мешаванд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.
Барои амалӣ намудани чорабинии сатҳи вилоятӣ 524 ҳазору 120 сомонӣ ихтисос дода шудааст.
Барои барандагони ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 2000 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ гардидааст. Дар даври вилоятии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъан 126 нафар ғолибон ва 66 нафар омӯзгорон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...