Нақш ва ҷойгоҳи занон дар сиёсати давлатии Пешвои миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 247
Замони соҳибистиқлолии мамлакат ба зан-модари тоҷик имкон дод, ки бо ғояву афкори созанда, нидои ростиву ҳақиқат, дастони пурҳунару санъат, чатри шарму ҳаё, домони поку иффати соф, иқдомҳои неку пойдор, нақши арзишманд дар ҳама соҳаҳо, дар паҳлуи мардон бо ҷасорату матонати ба худ хос дар бунёди давлати муосири тоҷик ҳиссагузор гардад.
Чун анъана ва яке аз рукнҳои асосии давлати демократӣ, ҳамасола даҳаи охири моҳи декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат Паёми солонаи худ-ро ироа менамоянд. Маҳз ироаи Паёми Президенти мамлакат имкон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шаҳрвандон аз дастовардҳо ва ҳадафу мақсадҳои минбаъдаи мо ба таври комил огоҳӣ пайдо намоянд.
Таҳлил ва оморҳое, ки дар Паёми солона ироа гардиданд, бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон дар масири пешрафту тараққиёт ҳамчун давлати озоду ободи миллӣ, дар роҳи пайдо намудани мақоми сазовор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муаррифии шоиста қадамҳои устувор гузошта истодааст. Соли 2023-ро дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол метавон ҳамчун соли ташаббусҳои байналмилалӣ ва соли амну осоиши мамлакат унвон дод. Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт мебошад.
Пешвои миллат пайваста зимни суханрониҳои худ ба масъалаи дастгирӣ ва фаъолнокии занон, эҳтиром ба зан – модар таваҷҷуҳи хосса доранд. Натиҷ аи ҳамин дастгириҳ ост, ки имрӯз дар мамлакат нақши занон сол то сол дар ҳаёти иҷ тимоию си ёсӣ ва иқтис одию фарҳ ангӣ бори зтар гашта, мавқеи онҳо дар пешбурди равандҳои иҷ тимоию си ёсӣ фаъолтар мегардад.
Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ қайд намуданд: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”. Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ҳатто дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмати давлатиро адо менамоянд.
Зан-модар офаранда ва тарбиятгари аҳли башар аст. Набзи зиндагии башар дар тамоми тӯли таърихи инсоният бо набзи зан-модар ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамоҳанг мебошад. Бузургони олам дар назди қадру манзалати занмодар сари таъзим фуруд оварда, эътироф карданд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Аз ин рӯ, сарвари дурандеши мо таъкид менамоянд, ки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону бонувон ғамхору меҳрубон бошем.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2019 дар Паёми солонаи худ бо эътимоди хос чунин иброз намуда буданд: “Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд”.
Дар баробари арҷгузорӣ ба зан-модар, роҳбари хирадманду дурандеши Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа унвон медиҳанд ва ин нуктаҳоро ба таври васеъ дар Паёми соли 2021 чунин баён доштаанд: “Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.
Натиҷаи заҳматҳо ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат аст, ки дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.
Воқеан ҳам, нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун корманди соҳа, балки ҳамчун шахсиятҳои муваффақ дар ҷомеа ҳам аз ҷониби Роҳбари давлат ва ҳам аз ҷониби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ эътироф гардидаанд.
Масалан, дар Паёми соли 2022 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Дар соли 2022 аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил дод. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 %, тандурустӣ 71 %, фарҳанг 47 %, бонкдорӣ 39 %, алоқа 25 %, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 % мебошанд.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳсил намудани ҷавондухтарон дар хориҷи кишвар бо ифтихор рақамҳои зеринро ироа намуданд: “Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои
таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд”.
Дар радифи ҳама дастгириҳо роҳбарияти олии кишвар аз занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо риояи муқаррароти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакатро талаб намуданд.
Таҳлили нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии ташаббусҳои занон собит месозад, ки ин сиёсат дар оянда низ рушд ёфта, ба таъкиди Сарвари давлат Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ менамояд.
Эътимод ва боварие, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону модарони тоҷик иброз намуданд, бонувони кишварро боз ҳам рӯҳбаланд намуда, ба фатҳи қуллаҳои баланди пешрафт, фаъолияти пурсамар ва пайгирии иқдому ташаббусҳои наҷиб раҳнамун месозад.
Шаҳноза Нусратова,
корманди Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати
дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...