ДАВЛАТАЛӢ САИД: "МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ АНЪАНАИ НЕКИ НИЁГОН АСТ, КИ БОЯД ҲИФЗ КАРД ВА ИДОМА ДОД"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 523
Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, имрӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар кӯчаи Борбади шаҳри Бохтар маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло Раҷаб, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат намуданд.
Дар ин маърака зиёда аз 150 адад дарахтони сояафкану ҳамешасабз, аз ҷумла павловния, сӯзанбарг, туя, можжевелник ва 500 адад гулҳои садбарг шинонида шуд.
Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгашт ба ҳолати экологӣ таъсири хуб гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳангоми суҳбат бо ҷавонон ва аъзои ҲХДТ иброз дошт, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум фаъолона иштирок мекунанд.
Тавсия дода шуд, ки ин иқдом аз тарафи ҳизбиёни шаҳр минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди маркази маъмурии вилоят идома дода шавад. Дар ин кор мардум ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷалб карда шаванд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00