Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳисоби миёнаи музди меҳнат маълум шуд


Ҳисоби миёнаи музди меҳнат маълум шуд



Дар вилояти Хатлон музди миёнаи меҳнати як корманд ба 1528 сомонию 51 дирам баробар гардидааст, ки ин нишондод дар қиёс ба соли 2022 ба миқдори 239 сомонию 24 дирам ё 18,6 дарсад зиёд мебошад.

Сардори Сарраёсати молияи вилоят Ҳабибулло Иззатуллозода зимни тасдиқи ин хабар афзуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа ҷой надорад.

Гуфта шуд, ки соли 2023, дар маҷмуъ, 2 миллиарду 618,3 миллион сомонӣ ё ин, ки 88,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст. 

Ҳамзамон, барои зиёдшавии музди маош 129,7 миллион сомонӣ ба тариқи ҳисоббаробаркунӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳо ҷудо карда шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода