Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳаҷми андоз аз нақлиёт афзуд


Ҳаҷми андоз аз нақлиёт афзуд




Аз 1 январи соли 2024 маблағи пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт ба андозаи 5,88% зиёд гардид. Ин ба болоравии нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста буда, дар соли ҷорӣ он аз 68 сомонии ҳозира то ба 72 сомонӣ боло меравад.

Ба ин тариқ, барои автомашинаҳои сабукрави иқтидори муҳаррикашон то 250 қувваи асп дар соли 2024 маблағи андоз аз воситаи нақлиёт 1350 сомонӣ (ба ҷойи 1275 сомонӣ дар соли 2023)-ро ташкил медиҳад. Барои автомашинаҳои сабукрави иқтидори муҳаррикашон аз 250 то 300 қувваи асп дар соли 2024 андоз аз воситаи воситаи нақлиётро дар ҳаҷми аз 1800 то 2160 сомонӣ пардохт мекунанд. Барои сабукрави иқтидори муҳаррикашон зиёда аз 350 қувваи асп имсол маблағи андоз 3780 сомониро ташкил медиҳад.

Автомобилу мотосикл, мотороллер, автобус ва дигар механизмҳои худгарди пневматикӣ ва тасмачарх, ҳавопаймо ва чархбол, локомотивҳои роҳи оҳан, заврақҳо, киштиҳои муҳаррикдор, яхтаҳо, киштиҳои бодбондор, обгардҳои муҳаррикдор ва дигар воситаҳои нақлиёти обӣ ва ҳавоӣ объектҳои андозбандӣ мебошанд. Сарфи назар аз корношоям будани воситаи нақлиёт ё истифода накардани он бо ягон сабаб, молики он (шахсе, ки дар номи ӯ ба қайд гирифта шудааст) уҳдадор аст, ки барои он андоз пардохт кунад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода