Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПЕШНИҲОД ГАРДИДАНИ 12 ЁДГОРИИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ УМУМИБАШАРӢ


ПЕШНИҲОД ГАРДИДАНИ 12 ЁДГОРИИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ УМУМИБАШАРӢ




Соли 2024 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  12  ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод менамояд. Дар ин бора  АМИТ «Ховар» бо истиснод ба манбаи худ иттилоъ медиҳад. 

Тибқи иттилоъ,  имсол номинатсияи «Хутали қадим»-ро дар шакли силсилаҷоиза пешниҳод менамоянд, ки  ёдгориҳои «Қалъаи Ҳулбук», «Шаҳристони Ҳулбук», «Манзартеппа», «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ, ёдгории «Золи Зар», мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин»  дар ноҳияи Данғара, Шаҳраки Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир,  «Хишттеппа» дар ноҳияи Ховалинг, ёдгории «Шоҳи Хомӯш» дар ноҳияи Муъминобод, Дайри буддоии «Аҷинатеппа» ва шаҳраки Ҳалевард-Кофирқалъа ба он дохил мешаванд.

Бояд изҳор дошт, ки соли 2023-ум 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки сабаби  эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода