Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муъминобод. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №5 БО ТАРҲИ НАВУ ЗАМОНАВӢ


Муъминобод. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №5 БО ТАРҲИ НАВУ ЗАМОНАВӢ




Дар партави сиёсати маорифпарворонаи Пешвои миллат 5 январ, зимни сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва дигар намояндагони расмӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ноҳияи Муъминобод, воқеъ дар деҳаи Сангдара, Ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин ифтитоҳ гардид.

Муассисаи мазкур ҳанӯз соли 1960 таъсис ёфта буд. Дар муассиса толори варзишӣ, толори фарҳангӣ, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол мавҷуд набуд. Ҳамаи деворҳои муассиса аз лой сохта шуда буданд ва дар масоҳати ниҳоят хурд ҷойгир гардида буд.

Бо назардошти афзуншавии теъдоди хонандагон ва рӯ ба афзоиш қарор доштани шумораи аҳолии деҳа, зарурат пеш омад, ки дар деҳа ба сохтмони муассисаи нав оғоз намоянд.

Сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 аз тарафи фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушди Осиё бо маблағгузории Бонки рушди исломӣ соли 2022 оғоз гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ дар муассиса пурра ба итмом расонида шудааст.  

Ин муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 240 ҷой дар як баст, дар масоҳати 2,5 га бино гардидааст. Дар он 11 синфхона аз ин 4 кабинетҳои фаннӣ (компютер, физика, химия), ки бо тахтаҳои электронӣ ва воситаҳои аёнӣ ҷиҳозонидашуда, синфхонаҳои технологияи меҳнат барои писарон ва духтарон мавҷуд мебошад.




Инчунин, муассисаи таълимии мазкур дорои системаи гармидиҳии ягонаи буғӣ, ки дар фасли зимистон имконияти тамоми ҳуҷраҳоро гарм нигоҳ доштанро дорад, таъмин карда шудааст. 

Дар саҳни муассиса майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол омода карда мешавад. 

Саҳни муассиса гулу гулкорӣ карда шудааст. Дар гирду атрофи муассиса дар масоҳати 320м алафҳои ҳамешасабз, 80 адад ниҳолҳои ороишӣ, сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст.

Ҳамзамон, Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода бо ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълимии мазкур суҳбат намуда, дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои беҳтар ва хубтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассиса таъкид намуданд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода