Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ХУРДИ ИСТЕҲСОЛИ МЕБЕЛ


ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ХУРДИ ИСТЕҲСОЛИ МЕБЕЛ




4 январ дар ноҳияи Восеъ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили бошукуҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид коргоҳи хурди истеҳсоли мебел мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои коргоҳи хурди истеҳсоли мебел воқеъ дар кӯчаи ба номи С.Кабир, Ҷамоати шаҳраки «Ҳулбук» буда, бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Орифов Шаҳбоз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо маблағи 575 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Корхонаи мазкур дорои 6 ҷои корӣ мебошад.

 Бо бунёд гардидани коргоҳи хурди истеҳсоли мебел зиёда аз 6 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва шароити хуби корӣ таъмин гардиданд.



Коргоҳ мебелҳои гуногун аз қабили мизу курсӣ, ҷевонҳои гуногун, дару тирезаҳои пластикӣ, мебелҳои гуногуни кандакоришуда бо дархости мизоҷон истеҳсол менамояд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода