КӮЛОБ. БА ИСТИФОДА ДОДАНИ 4 МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ БА ОИЛАҲОИ ОСЕБДИДАИ САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 279
Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маросими ба истифодадиҳии манзилҳои истиқоматии оилаҳои осебдидаи садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб барои 4 оилаи осебдидаи садамаи нақлиётӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи Бозори Сомониёни шаҳр хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ сохта шуданд.
Хонаҳои мазкур бо ташаббус ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба оилаи Ёров Сафармад, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобба оилаи осебдида Ёров Ҷумахон, масҷидҳои ҷомеи шаҳр ба оилаи осебдида Ёров Шамсулло ва Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба оилаи осебдида Ҷононова Қурбонбӣ як хонагӣ сохта ба истифода дода шуд.
Хонаҳои истиқоматӣ аз 3 ҳуҷра ва дигар иншоотҳои ёрирасон иборат мебошанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар садамаи нақлиётии мудҳише, ки 6 августи соли 2023 дар назди бозори «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 10 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда буданд.
Зимни суҳбат бо сокинони зарардида Сарвазири мамлакат аз онҳо даъват намуданд, ки ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набошанд, зеро давлату ҳукумат ҳамеша дар паҳлуи шаҳрвандонаш мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои садамаи нақлиётӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дошт.
Аз ин амалҳои башардӯстонаи Роҳбарияти олии кишвар, сокинони зарардида изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...