КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАТБИҚШАВИИ ЛОИҲАИ “ОБТАЪМИНКУНӢ ВА КОРЕЗИ ШАҲРИ КӮЛОБ” ДАР МАВЗЕИ “ТЕБАЛАЙ”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 272
Нимаи дуюми рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар намояндагони расмӣ аз рафти корҳои татбиқшавии Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” дар мавзеи “Тебалай” дидан намуданд.
Санаи 02 марти соли 2021 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи қарзӣ, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Корхонаи фаръии давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин санаи 13 январи соли 2022 Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонк самаранок эълон гардида ба ширкатҳои пудратӣ маблағгузорӣ оғоз гардид. Дар ҳамин замина санаи 15 декабри соли 2022 байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Корхонаи фаръии давлатии “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб” созишномаи грантӣ ба имзо расонида шуд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои сохтмони шоҳқубур аз обанбор то ҳавзҳои оби тоза, сохтмони шоҳқубури худҷоришаванда, барқарорсозӣ ва васеъ намудани шабакаҳои обтақсимкунӣ, сохтмон ва барқарорсозии шабакаҳои канализатсия, сохтмон ва азнавсозии истгоҳҳои насосии об, харидорӣ ва насби ҳисобкунакҳои обӣ, гузаронидани тадқиқоти гидрогеологӣ, барқарорсозии обанборҳо, ҳавзҳо ва харидории техникаҳои махсуси коммуналӣ дохил мешавад.
Дар лоиҳаи мазкур ҳамагӣ 16,250 млн Евро ҷудо шудааст.
Тибқи нақша татбиқшавии лоиҳа аз соли 2021 оғоз гардида лоиҳаи мазкур бояд соли 2025 пурра ба анҷом расонида шавад. Баъди амали гардидани Лоиҳа бо назардошти маҳаллаҳои навбунёд таъминоти оби нӯшокии зиёда аз 125 ҳазор нафар аҳолии шаҳр пурра беҳтар ва таъмин мегардад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...