МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ МАКТАБИ МАЪЛУМОТИ КАСБӢ ВА ДАВОМДОРИ ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 333
Нимаи дуюми рӯз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид ва дигар намояндагони расмӣ Маркази таълимии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор ҳамчун аввалин барномаи таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2006 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси ва ҳомии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Дар маросими ифтитоҳи Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор дар шаҳри Хоруғ Пешвои муаззами миллат қайд карданд, ки чунин марказҳои омӯзишӣ бояд дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар фаъолият кунанд. Бо ин мақсад марказҳои таълимии ММКД дар Хоруғ (2), Душанбе (3), Бохтар (1), Хуҷанд (1) ва ҳоло дар Кӯлоб (1) ба фаъолият шурӯъ намуданд. Илова бар ин, омодагӣ барои таъсиси бахши таълимии чунин мактаб дар шаҳри Данғара идома дорад.
Ҳадафи ММКД саҳмгузорӣ дар раванди пешбурди рушди иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ тавассути пешниҳод намудани барномаҳои таълимие мебошад, ки барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон дар макотиби олии сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Мактаб пайваста барномаҳои омӯзишии худро ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ менамояд. То имрӯз, ММКД 60 барномаро дар 10 самти омӯзиш ва беш аз 750 курсро ба роҳ монда, онҳоро дар 16 Маркази таълимӣ дар 4 кишвар – Ҷумҳурии Тоҷикистон (, Ҷумҳурии Қирғизистон (2), Ҷумҳурии Қазоқистон (1) ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (5) бо ҷалби беш аз 233 563 донишомӯз роҳандозӣ намуда истодааст. Қобили зикр аст, ки ММКД то имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 130 000 нафар шунавандаро ба таҳсил фаро гирифтааст. ММКД барномаҳои омӯзишии сатҳи байналмилалӣ ва шаҳодатномавиро дар соҳаи муҳосибӣ, идоракунии тиҷорат, забонҳои хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ, омодагӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, идоракунии маҳаллӣ, идоракунии давлатӣ ва касбу ҳунар пешниҳод мекунад.
Мактаб бо шарикони гуногуни миллӣ ва байналмиллалии рушд дар талошҳои доимии худ ҷиҳати баланд бардоштани маҳорат ва васеъ намудани имкониятҳои шуғл дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. Мундариҷаи асосии барномаҳои таълимии семинарҳои кӯтоҳмуддат ба доираи тавсия ва дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 28 уми декабри соли 2023 ироа гардид, ҷавобгӯ буда, ба таъмини дастрасии иттилоот барои соҳибкорони маҳалии инфиродӣ, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи саводи рақамӣ дар тиҷорат, таъсири пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, рушди соҳаи саёҳӣ, ба фурӯш мондани маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ, расмикунонии ҳуқуқиву андозӣ алоқаманд буда, ба баланд бардоштани сифатнокии идоракунии тиҷорати инфиродӣ, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ, таъмини рақобатпазирӣ дар бозор ва афзун намудани даромаднокии аҳолӣ нигаронида шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...