Кӯлоб. Боздид аз мавзеи харобгардидаи дарёчаи “Кӯлоб”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 235
Имрӯз Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид ва ҳамроҳонаш аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёчаи "Кӯлоб", воқеъ дар деҳаи Лағмони Ҷамоати деҳоти Кӯлоб дидан намуданд.
Дарёчаи “Кӯлоб” аз Ҷамоати деҳоти Зиракӣ сарчашма гирифта, дар ноҳияи Восеъ ба дарёи Ёх-Су мерезад. Дарёчаи мазкур ба дарозии 25 километр тул кашида, аз ҳудуди шаҳри Кӯлоб бо дарозии 7,5 км гузашта барои обёри намудани заминҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Восеъ ва гузаронидани обҳои сою селпартобҳои Сангпар, Сойи Тебалай, Девонасой, Шураксой, сойи Шулулу ва сойи Ғарабдара хизмат мерасонад.
Дарёчаи мазкур дар вақти боронгариҳои тирамоҳу баҳори солҳои гузашта, зиёда аз 5,5 км садҳои муҳофизатиаш аз ҳар ду тараф хароб гаштаааст. Боиси қайд аст, ки мавзеи харобгардидаи дарёчаи “Кӯлоб”, воқеъ дар деҳаи Лағмони Ҷамоати деҳоти Кӯлоб яке аз мавзеҳои хавфдошта ба ҳисоб рафта, садди муҳофизатиаш хароб гаштааст ва дар вақти боронгариҳои баҳорӣ хавфи баамаломадани рахнашавиро дорад. Дар ҳолати рахнашавӣ эьтимоли ба аҳолӣ ва заминҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва Зарбдор зарари калон мерасонад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00