Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР МАКТАБИ №14 БАРОИ 480 ХОНАНДА


КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР МАКТАБИ №14 БАРОИ 480 ХОНАНДА




Бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид ва ҳамроҳонаш 4 январ зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб вилояти Хатлон ифтитоҳ гардид.

Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинои иловагӣ барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 аз ҷониби Бонки исломӣ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 10-синфхона мебошад. Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 2,0 га-ро ташкил медиҳад. 

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” таҳия гардида, пудратчии он ҶДММ “Махсус” мебошад.                 
  

Дар муассисаи мазкур 847 хонанда ба таҳсили фаро гирифта шуда, 52 нафар омӯзгорон кору фаъолият мекунанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода