Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ОБАНБОРИ СЕЛБУР


БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ОБАНБОРИ СЕЛБУР



Дар нимаи аввали рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид аз рафти корҳои сохтмонии обанбори Селбур, воқеъ дар деҳаи Селбури, ҷамоати деҳоти ба номи Мирали Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ дидан намуданд.
 
Сохтмони обанбори Селбурро ҶСК “Тоҷик СГЭМ” ба уҳда дошта, барои сохта ба истифода додани обанбори мазкур 1 млн 200 ҳазор доллар сармояи дохилию хориҷӣ ҷудо гардидааст. Кори сохтмон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир идома дорад.

Иншооти мазкур баҳри амали намудани ҳадафи стратегии кишвар барои таъмин намудан бо оби полезӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. 

Ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода