Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТАНОБЧИИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ


МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТАНОБЧИИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ




Нимаи аввали рӯз Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид дар Ҷамоати деҳоти Танобчӣ деҳаи навбунёди Танобчии Боло бинои Бунгоҳи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар оянда ба оммавигардонии таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа додан ва ба тандурустии аҳли ҷомеа овардани шароити боз ҳам беҳтар дар ноҳия мавриди истифода қарор дорад. 

Иншооти мазкур дар маҷмуъ масоҳати 400 метри мураббаро ташкил дода, аз ин 85,42 метри мурабба бинои бунгоҳи тиббӣ бо биноҳои ёрирасони он мебошад.

Бунгоҳи тибби дорои 5 утоқи корӣ бо фарогирии 7 ҷойи корӣ бо талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардида, дар атрофи бино зиёда аз 13 дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонда шудааст. Саҳни бино дар масоҳати 200 метри мурабба сафолакпуш гардида гирду атрофи бинои мазкур ба масофаи 82 метр панҷарабанди карда шуда аз ҳисоби маблағгузории бахши хусусӣ ва аз тарафи соҳибкори ватанӣ ва шахсони саховатманд ба маблағи умумӣ 470 ҳазор сомонӣ бо тарҳи наву замонавӣ сохта ба итмом расонида шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода