Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МТМУ №22 БО 480 ҶОЙИ НИШАСТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК


БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МТМУ №22 БО 480 ҶОЙИ НИШАСТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК




4 январи соли 2024 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-ро мавриди истифодабарӣ қарор дод.

Муассисаи мазкур иборат аз 1 бинои 2 - ошёна, дороӣ 10 синфхонаи таълимӣ барои 240 хонанда дар 1 баст буда бо маблағгузории Бонки Рушд ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 3 млн 398 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Бинои мазкур дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ мебошад. Ҳамчунин, муассиса дорои боғи дарахтони мевадиҳанда мебошад. Атрофи бино майсазор гардида бо дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳавлии муассисаи таълимӣ ба масоҳати 450 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст.

Масоҳати умумии муассисаи таълимӣ ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ буда, 1,37-га - ро ташкил медиҳад.



Сохтмони муассисаи мазкур соли 2021 оғоз гардида, фармоишгари он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи «Намояндаи инжиниринг консултантс ЕНД ассосиатиес лимитед дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тарҳрезӣ шудааст. Пудратчии сохтмон ҶДММ “Муҳандис - Биносоз” ба ҳисоб меравад. Дар сохтмони муассисаи таълимӣ беш аз 45 нафар коргарони маҳаллӣ бо маоши хуб ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб карда шуда буданд. Равшаннамоии бинои таълимӣ ба пуррагӣ таъмин гардида, бо оби нушокӣ таъмин мебошад.

Барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани раванди таълиму тарбия аз ҳисоби буҷаи ноҳия 26 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин 7 воҳиди корӣ барои кормандони техникӣ, боқимонада барои омӯзгорони фаннӣ ва маъмурият мебошад.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода