САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК ОҒОЗ ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 250
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 4 январи соли 2024 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф овард.
Сарвазири мамлакатро дар ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид ва дтгар намояндагони расмӣ ҳамроҳӣ кард.
Сафари кории Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Темурмалик оғоз гардид.
Тибқи нақшаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи ҳамроҳонаш аз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сади дарёи Сурхоб, воқеъ дар деҳаи Шибанайи ҷамоати деҳоти Чилчаҳ боздид ба амал оварданд. Тибқи маълумоти ба даст омада дар умум 27 километрро дар ноҳия мавзеъҳои хатарнок ташкил медиҳад. Аз ҷумла 4330 метр мавзеъҳои хатарнокиашон баланд мебошанд, ки аз ин дар деҳаи Танобчии боло 800 метр, дар деҳаи Танобчии поён 400 метр, дар шаҳраки Баҳманрӯд 750 метр, дар мавзеъи Ҳамровиё 1200 метр, дар Ҷамоати деҳоти Кангурт 530 метр, дар деҳаи Шибанай 650 метр ҳастанд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 670,0 ҳазор сомонӣ барои кашонидани 340 адад тахтасангҳо аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва 5 тонна сӯзишворӣ барои пешгирӣ аз офатҳо ҷудо ва сарф карда шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...