Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК


БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК




Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти сохтмони бинои осоишгоҳи 7 ошёнаи замонавӣ дар шаҳраки Баҳманрӯд боздид карданд.

Иншооти мазкур барои табобату фароғати меҳмонони дохилию хориҷӣ барои 350 нафар пешбинӣ гардида, пудратчии асосии иншооти мазкур ҶДММ «Строй-сервис» буда, дар иншооти мазкур бо тарҳи наву замонавӣ то айни замон ба маблағи 5 миллиону 689 ҳазор сомонӣ маблағҳо сарф шуда, корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад. 


Иншооти мазкур аз 4 блок ва 7 ошёна иборат буда, дар иншоот 54 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд. Баъд аз ба истифода додани бинои мазкур 50 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ доимӣ ва шароити хуби корӣ таъмин мегарданд. 


Бинои осоишгоҳ тибқи нақша дар давоми соли ҷорӣ пурра сохта шуда, мавриди истифода қарор дода мешавад.



http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода