Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Директор дар хизмати ҳарбӣ


Директор дар хизмати ҳарбӣ



“...Ҷон ба раҳи Ватан нисор мо накунем, ки мекунад...”. Зери ин шиор имрӯз ҷавонони ватандӯсту хештаншинос баҳри ҳифзи меҳани худ камар баста, довталабона ба сафи Артиши кишвар мепайванданд. Инро дар мисоли директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Раҳмоналӣ Раҷабзода низ гуфтан мумкин аст.

Раҳмоналӣ Раҷабзода дар ноҳияи Восеъ дар давоми фаъолият баҳри беҳтар кардани сифати таҳсил дар муассиса корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Дар муддате, ки вай дар муассиса ба хотири баланд бардоштани сифати таҳсил, ҷалби хонандагон ба китобу китобхона ва ҳамзамон дар дили онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстию худогоҳӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонид.

Дар муассиса ташкили озмунҳои эҷодию зеҳниро ба роҳ монду ба ғолибон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мекард. Чӣ тавре аз суҳбат бо омӯзгорони муассиса маълум гардид, Раҳмоналӣ китобхонаи назди муассисаро, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият надошт, дубора  фаъол сохт. Ин амал ӯро дар байни ҳамкасбону шогирдон ва аҳли деҳа маҳбуб гардонид. 

-Дар мактаб ба шогирдон дарси ватандӯстӣ медиҳем. Пайвата мегӯем, ки дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист. Онҳоро ба ҳифзи якпорчагӣ даъват мекардем. 

-Мақсад гузоштам, ки бояд як рӯз ман ҳам рафта барои ҳифзи хоки ин сарзамин хизмати аскариро ба ҷо биорам. Ва билохира, сарбоз шудаму имрӯз ифтихор мекунам, -гуфт зимни суҳбат бо мо Раҳмоналӣ.

 Раҳмоналӣ дар мавсими тирамоҳии даъват ба хизмати ҳарбӣ дар қатори дигар родмардони Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайваст шуд. Ба ақидаи ӯ, хизмат дар сафи артиши кишвар рисолати ҳар як ҷавонмард аст. 

«Ман ба хизмати аскарӣ омадам, то баҳри дигар ҷавонмардон намунаи ибрат шавад. Дар муассисаи мо норасоии кадрӣ ба назар мерасад, вале ба ин ҳам нигоҳ накарда, баҳри дифои Ватан ва омӯхтани дониши низомӣ, ба бар либоси ҳарбӣ пӯшидаам. Ман бо шогирдони худ баҳри ширкат дар озмунҳои зеҳнии ҷумҳуриявӣ ниятҳои калон доштем, насиб карда бошад, пас аз адои хизмати Ватан-модар амалӣ мекунем», - мегӯяд сарбози қаторӣ  Раҳмоналӣ.

-Вақте ки Раҳмоналӣ дар донишгоҳ таҳсил мекард, бародари калониаш дар хизмат буд. Доимо мегуфт, ки ҳамроҳи бародарам рафта хизмат мекунам. Ман ба ӯ мегуфтам, ки ҳар як чиз вақт дорад, вақташ, ки расид, рафта хизмати Ватан-модарро адо кун. Ҳеҷ гап надорад. Имрӯз вақте ба писаронам менигарам, шукр мекунам, ки  чунин фарзандонро ба воя расонидам,- мегӯяд амаки Маҳмадӣ-падари Раҳмоналӣ.

Фарзанде, ки модарашро дӯст медорад, баҳри ҳимояи Ватан камар мебандад. Раҳмоналӣ аз хурдӣ ватандӯст буд. Вақте хурд буд, ҳамеша шеърҳои ватанпарастонаро аз ёд карда, бо ҳиссиёти баланд онҳоро қироат мекард. Ҳар гоҳе аз дарс меомад, мегуфт: “Ман калон мешавам, қаҳрамон мешавам, бар Ватани худам посбон мешавам...”. Ҳама  механдиданд, ки ин кӯдак қаҳрамониро аз куҷо медонад? 

-Лекин имрӯз ҳарфҳои кӯдакӣ ба ҳақиқат табдил ёфта, писарам дар сафи Артиши кишвар қаҳрамонона хизмати Модар-Ватанро адо карда истодааст. Ду дас-там ҳамеша ба дуост, ки фарзандони ҳамаи модарон  бо сари баланд аз хизмат ба назди мо-модарон баргарданд,- мегӯяд бо ифтихор Фариштамо Қурбоналиева модари Раҳмоналӣ.

Раҳмоналӣ Раҷабзода, соли 2018 МТМУ №25-и деҳаи Гулгашти Ҷамоати деҳоти  М. Маҳмадалиевро бо сари баланд хатм намуда, худи ҳамон сол тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил мешавад. Пас аз хатми донишгоҳ дар ВАО-и гуногун кору фаъолият намуда, сипас, ба омӯзгорӣ рӯ меорад. Фаъолияти хуби кориашро дида, роҳбарияти ноҳия ӯро ба вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и зодгоҳаш таъин менамоянд. 

Дар мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиши кишвар дар соли 2023, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, ҳоло дар қисми ҳарбии шаҳри Кӯлоб адои хизмат дорад.

Набиҷони Саидаброр, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода