Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ситруспарварӣ дар ноҳия Ҷайҳун


Ситруспарварӣ дар ноҳия Ҷайҳун




Ҳоло дар гармхонаҳои ин боғбон ҳашт намуди ниҳолони ситрусӣ парвариш ва ҳосилбардорӣ шуда, дар баробари бозори дохилӣ, ҳамчунин ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешавад.

Дар оғози кор Абдураҳим Тоҳиров дар 10 сотих замини наздиҳавлигӣ ба парварии ниҳолони лимӯ оғоз намуда, ҳоло шумораи гармхонаҳои лимӯпарвариро ба 6 адад расонидааст, ки майдони умумии онҳо 1 гектарро дар бар мегирад. 

Бо дарназардошти талабот ва омӯзиши роҳҳои нави парвариши дигар номгӯйи ниҳолони ситрусӣ  ӯ қаламчаи дарахтони афлесун, мандарин, лайм, грейпфрут, кумкват, каламондин пайванд карда, дар ду сол онҳоро боровар намуд.  Дар маҷмуъ, ҳар яке аз ин меваҳои ситрусӣ ба шакл ва тамъ аз ҳамдигар тафовути зиёд доранд.

Нигоҳубини ниҳолу дарахтони ин меваҳо низ монанди парвариши лимӯ аст ва дар фасли зимис-тон бояд ниҳолони ситрусиро аз сардиҳо эмин нигоҳ дошт. Истифодаи пору, пошидани нуриҳои минералӣ ва  нарм нигоҳ доштани бехи ниҳолон аз омилҳои муҳими дарозумрӣ ва серҳосил гардидани дарахтони ситрусӣ арзёбӣ мегардад. 

Абдураҳим Тоҳиров ният дорад, парвариши  ин намуди  меваҳои  ситрусиро, ки дар бозорҳои мамлакат харидори зиёд доранд, рушд дода, бо бештар кардани ниҳолони ин қабил мевагиҳо, ҳосилро фаровону бозорҳоро ба меваҳои ситрусии ватанӣ ғанӣ гардонад. 

Имсол ниҳолони лимӯ ҳосили фаровону хушсифат ба бор овардаанд ва чунин натиҷаи хуби истеҳсолиро лимӯпарварон дар амалӣ намудани қоидаҳои агротехникаи парвариш мансуб медоданд.

Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили лимӯ идома дошта, сокинон бо дарназардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ ҳосили хушсифати лимӯро ба таври махсус банду баст карда, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон содироти онро ба роҳ мемонанд.

Бо дарназардошти мусоид будани шароити иқлим, талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ба лимӯ ва доштани таҷрибаи кофӣ, Абдураҳим Тоҳиров дар баробари бунёди 6 гармхона дар қитъаи наздиҳавлигӣ, ҳамзамон самти лимӯпарвариро дар хоҷагии деҳқонӣ низ ба таври васеъ ба роҳ мондааст. Зеро натиҷаи фаъолияти чандинсолаи сокинон дар ин самт нишон медиҳад, ки воқеан ҳам шароити иқлими ноҳия барои рушди ситруспарварӣ  хеле мусоид аст.

Исмоили СОҲИБНАЗАР,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода