Оғози омодагӣ ба даъвати баҳорӣ-2024
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 288
Бо мақсади ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даъватшавандаҳо бо мутахассисони касбӣ қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар даъвати баҳории соли 2024” ба тасвиб расид.
Тибқи ин қарор, раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва сохторҳои ТҶММ илова ба нақшаи Вазорати мудофиаи кишвар оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва ҳамчунин ҳавасмандгардонӣ барои интихоб ва пурра намудани курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ барои Артиши миллӣ дар сохторҳои Кумитаи ТҶММ-и вилояти Хатлон бояд на камтар аз 30 фоизи нақшаи даъвати баҳории соли 2024-ро амалӣ ва маблағгузории онро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин намоянд.
Ҳамзамон дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ зиёда аз 300 нафар даъватшавандаҳо дар курсҳои ройгони ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергарӣ ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳ зарур таҳсил хоҳанд кард.
Тибқи дастури раиси вилоят Давлаталӣ Саид, оид ба баланд бардоштани рӯҳияи меҳандӯстиву ватанпарварии ҷавонон чорабиниҳои ташвиқотӣ гузаронида шуда, шиносоии шунавандагони курсҳои ронандагӣ бо шароити хизмат, техникаи ҳарбӣ, қисмҳои низомие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгиранд, пешбинӣ гардидааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...