Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фестивали саводнокии молиявӣ


Фестивали саводнокии молиявӣ




Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд фестивали “Саводнокии молиявӣ " баргузор гардид.

Фестивали мазкурро муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ифтитоҳ намуда, оид ба зарурати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ суханронӣ намуд. Сипас, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ доир ба иҷрои корҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва нақши саводнокии молиявӣ дар рушди низоми бонкии мамлакат маърӯза кард. Ҳамзамон, мутахассисони соҳаи бонкӣ, соҳибкорони муваффақ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ дар мавзуъҳои гуногун марбут ба саводнокии молиявӣ суханронӣ ва оид ба таҷрибаи андӯхтаашон андешаҳои худро баён намуданд.



Маврид ба зикр аст, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 500 нафар, аз ҷумла хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ, кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода