КӮЛОБ. Баргузории конференсия ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи роҳбарии занон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 256
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ - назариявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Абдулманонзода Зарина Қадамшо, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарофат Худоидодова, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ ва занону бонувони фаъоли шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Нахуст, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова суханронӣ намуда, ҳайати меҳмонро ба ин даргоҳи илму маърифат хушомадед намуда, ҳозиронро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта иброз намуданд, ки “Парчами миллӣ рамзи давлату давлатдорӣ, асолати миллӣ ва муаррифгари кишвар дар сатҳи ҷаҳони мебошад, пос доштани рамзҳои давлатӣ вазифаи ҷонии ҳар фарди бо нангу номуси тоҷик мебошад”.
Дар идомаи чорабинӣ Абдулманонзода Зарина Қадамшо - муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродова Дилбар - корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Руъё - мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувони ҷумҳурӣ ёдовар шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷавондухтарон даъват ба амал оварданд, ки дар рушду нумӯи кишвар бетараф набуда, бо шукргузори аз сулҳу суботи ин давлати соҳибистиқлол таҳсил намуда ва ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба халқу ватани хеш хизмат намоянд.
Алишери Абдулмаҷид, “Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...