Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАВЛАТАЛӢ САИД: "БА РУШДИ САЙЁҲӢ ТАВАҶҶУҲИ ҶИДДӢ МЕБОЯД"


ДАВЛАТАЛӢ САИД: "БА РУШДИ САЙЁҲӢ ТАВАҶҶУҲИ ҶИДДӢ МЕБОЯД"




Дар идомии сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои азнавсозии мадрасаи Хоҷа Машҳад дидан кард.

Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар деҳаи Сайёди Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус воқеъ буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми ҳавлии он бо усули муосири меъморӣ  азнавсозӣ карда шудааст.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки мадрасаи мазкур дар асрҳои  IX-XII сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта ба ҳам пайванд боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ  мебошад.

Қобили зикри хос аст, ки доир ба арзиши баланди таърихии ин мавзеъ шарқшинос, муаррих ва бостоншиноси маъруф Александр Беленитский дар «Мавзолей у селения Саят» ном мақолаи худ чунин нигоштааст: «Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад».

Гуфта шуд, ки давоми як соли охир як қисми ҳавлии он бо сатҳу сифати баланд навсозӣ ва ба истифода супурда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ то 15 сокини маҳалӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки дар иншоот инчунин ба масъалаи ободу зебо гардонидани муҳити атроф, чароғонкунӣ, шинонидани гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар ин самт ҳамарӯза корҳо идома доранд.



Дар атрофи ин мавзеъ инфрасохтори хизматрасонӣ ва ҳомстейҳо ташкил мегарданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии маҳал саҳми арзанда мегузорад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, зикр намуд, ки бояд ҳама иншооти ҷашнӣ бо сифати баланд бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода