Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят: "СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ МАМЛАКАТ САҲМИ МУНОСИБ МЕГУЗОРАНД"


Раиси вилоят: "СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ МАМЛАКАТ САҲМИ МУНОСИБ МЕГУЗОРАНД"




25 ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Лолазори ноҳияи Шаҳритус аз раванди корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиферҳо ва қубурҳои азбестӣ боздид намуд.

Корхонаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то соли 2024 бо усули муосири меъморӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Масоҳати умумии бинои корхона 0,60 гектарро ташкил менамояд. Фармоишгари корхонаи  истеҳсоли шиферҳо ва қубурҳои азбестӣ  соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Сатторов мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки баъд аз бакорандозии иншооти мазкур то 25 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта мешаванд.

Раиси вилоят аз он изҳори хушнудӣ кард, ки имрӯз соҳибкорони бонангу номус ва ватандӯсти Хатлонзамин барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунони босуръати мамлакат саҳми намоён мегузоранд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода