Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН: РАИСИ ВИЛОЯТ БА АРЗУ МАТЛАБИ СОКИНИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС ГӮШ ДОД


ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН: РАИСИ ВИЛОЯТ БА АРЗУ МАТЛАБИ СОКИНИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС ГӮШ ДОД




Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шаҳритус қабули сайёри шаҳрвандонро гузаронида, ба арзу дархости сокинони маҳаллӣ расидагӣ намуд.

Қабули шаҳрвандон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус баргузор гардид. Дар ибтидо раиси вилоят бо ишора ба таъкиди Роҳбари давлат, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, қайд кард, ки тамоми хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи маҳал бояд ба халқи азизи Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд ва ҳамеша, дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ қарор дошта бошанд.

Шаҳрвандон Ҷурабоев Зайниддин - собиқадори  меҳнат, Мамараҷабова Савринисо - хонашин, Толибҷонова Қурбоной - собиқадори меҳнат, Достиев Мансур - соҳибкор, Маҳмудова  Саидпоча - соҳибкор, Султонова Сайлон - муваққатан бекор, Нораков Ҳукмулло - саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Садот», Ҷурақулова Хуршеда - хонашин, Худойқулова Гулноза - хонашин, Рақибов Киромуддин - раиси  маҳаллаи деҳаи Деҳқон, Худойназарова   Меҳринисо – хонашин ва дигарон доир ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хона, тоза   кардани заҳбуру заҳкаши деҳаи Сайёд, ташкил  намудани хоҷагии деҳқонӣ, ҷудо намудани  қитъаи замин барои сохтмони корхонаи полиэтиленӣ ва фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ, гирифтани гранти раиси вилояти Хатлон, расонидани кӯмак барои табобати фарзанд, кумак ва ба нафақаи маъюбӣ баровардан аъзои хонавода, расондани кӯмаки молиявӣ, ҷудо  намудани қитъаи замин барои сохтмони майдончаи варзишӣ дархосту пешниҳодоти худро ироа намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои матраҳшуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Пас аз қабули сайёри шаҳрвандон раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор суханронӣ намуда, гуфт, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва мо кӯшиш мекунем, ки сари вақт онҳоро ба анҷом расонем.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид қайд намуд, ки саҳми кишоварзони заҳматдӯсти ноҳияи Шаҳритус дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ басо назаррас буда, солҳои охир дар ноҳия майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати ҳазорҳо гектар афзоиш дода шуд.

Зикр гардид, ки ҳадафи олии давлат таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маориф, тандурустӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба ташаббускорию навоварӣ ҳидоят намуданд, - таъкид кард раиси вилоят Давлаталӣ Саид. – Бинобар ин, ҳамаи мо – фаъолони вилоят, аз он ҷумла ноҳияи Шаҳритусро мебояд ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҷлили бошукуҳи ҷашнҳои миллӣ бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда тамоми неру ва малакаи худро равона созем.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода