Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Данғара. Ифтитоҳи биноҳои нави 3 муассисаи таълимӣ


Данғара. Ифтитоҳи биноҳои нави 3 муассисаи таълимӣ



Дар арафаи таҷлили рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара биноҳои нави як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, дар деҳаи «Зарнисор»-и Ҷамоати деҳоти "Сангтӯда"-и ноҳияи Данғара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 барои 240 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, синфхонаи компютерӣ ва китобхона мебошад.

Ҳамчунин дар деҳаи «Навобод»-и Ҷамоати деҳоти "Сангтӯда" бинои нави МТМУ №82 барои 180 хонанда дар як баст ифтитоҳ гардид.

Ин бино аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, синфхонаи компютерӣ ва китобхона мебошад.



Дар деҳаи «Дурахшон»-и деҳоти ба номи Исмат Шарифов бинои нави МТМУ №84 барои 240 хонанда дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои мактаб аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, синфхонаи компютерӣ ва синфхонаи инкишофи кӯдак мебошад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода