Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Парчам - ифтихору нишони ҳастии миллат


Парчам - ифтихору нишони ҳастии миллат



Парчами миллӣ рамзи озодию давлатдорӣ, истиқлол ва ифодагари ҳастиву саодати миллатамон буда, ба ҷой овардани эҳтирому дарки арзиши ин муқаддасоти миллӣ қарз аст. Боиси шукргузорист, ки дар фазои тинҷу ороми мамлакатамон дар тамоми ташкилоту муассисаҳо Парчами мо дар фазои сулҳу ваҳдат парафшон аст.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва оғози ҳамкориҳои байнидавлатӣ Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибихтиёр аз даромадгоҳи сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ то дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид низ парафшон мебошад. 

Аҳли фарҳангу донишмандон, хосса варзишгарони мо дар олимпиадаҳо баробари ба даст овардани ғолибияту музаффарият дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ парчамбардори миллати хеш мегарданд, ки ин хушбахтию саодатмандӣ ҳадду канор надорад. Яъне, ин гуна ташаббусҳо исботи он аст, ки мо тоҷикон соҳибватан ҳастему парчами хешро соҳиб мебошем ва бо ин парчам моро мешиносанд.

Аслан, парчамбардорӣ дар таърихи миллату давлатдории кишварҳои олам, хосса барои мо - тоҷикон низ таърихи ниҳоят қадим дошта, тибқи маъхазҳои бостонӣ ниёгони миллати тоҷик аз нахустин мардумоне буданд, ки бо баргузории маросими парчамбардорӣ аз зафар ёфтан дар қиболи душманони аҷнабии  хеш дарак медоданд. Дирафши коваёнӣ намунаи беназиру баёнгари парчамдориву парчамбардории ниёгони мо мебошад, ки солҳои зиёд рамзи ифтихори давлатҳои қадимии ориёиҳо, аз ҷумла сулолаҳои Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён ба ҳисоб мерафт.

Бо шарофати баргузории Иҷлоссияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардида, маҳз бо ташаббус ва саъю талошҳои Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябри соли 1992 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби Парчами давлатӣ гардид. Аз соли 2009 инҷониб, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ин санаи муҳим дар кишварамон бо ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунофари тоҷикон ҷашн гирифта мешавад.

Шукронаи соҳибистиқлолӣ ва сулҳу ваҳдати пойдорамон, ки мо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол зери ливои соҳибистиқлолӣ ба ваҳдати миллӣ расидем ва дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллату давлат сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро, ки ба пойдории давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, дар амал татбиқ намуда истодаем. Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ҳаёти осоиштаву ваҳдати ҷовидонаи тоҷикон, эҳтирому қадршиносии муборизони роҳи озодӣ ва умеду орзуҳои халқ ба ояндаи дурахшон барои ҳар фарди худогоҳи ин сарзамини муқаддас, азизу арзишманд аст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд: “Мо зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард”.

Бо пуштибонӣ аз чунин дастуру супоришҳои ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даврони соҳибистиқлолӣ мо - ходимони дин низ ҷиҳати дарку эҳтироми Парчами давлатӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшидаву ҷиҳати боло бардоштани ҳисси ватандорию ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон талош меварзем.

Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нишони нангу номус буда, бо ин васила миллати тоҷик аз таъриху давлатории куҳанбунёди хеш дарак медод. Хушбахтона, дар ҷаҳони муосир низ барои мо доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолу рамзи асосии давлатдорӣ ва ифодагари ваҳдати миллӣ маҳсуб ёфта, сулҳу суботи сартосарӣ зери ин ливои миллат танинандоз аст. Моҳияти ин гуфтаҳоро бояд барои насли наврасу ҷавон фаҳмонида, ин табақаи неруманду ояндасози ҷомеаро дар руҳияи комили ватандӯстӣ тарбият намуд, ки хушбахтона дар ин раванд ба як қатор дастовардҳо ноил гардидаем.

Боиси фараҳмандист, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони маҳбуб рамзҳои давлатиро бо ҳисси баланди ватандорӣ қадр мекунанду моҳият нақшу мавқеи ин муқаддасоти миллиамон насл ба насл ҳамчун ганҷи бузургу нишони ватандорӣ ба мерос меояд.

Усмоналӣ Нурзода,
муовини Раиси Шурои уламои Маркази
исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода