Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Парчам - рукни давлатдорӣ


Парчам - рукни давлатдорӣ



Парчами давлатӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Чунки дар муҳимтарин ва ҳассостарин лаҳзаҳо, маҷлису нишастҳои сатҳи давлативу байналмилалӣ чун муаррификунандаи ҳамон халқу миллат ва намояндаи он, пеш аз ҳама, парчамашро парафшон менамоянд. Аз он ҷумла, Парчами давлатии мо низ ин рисолати таърихии хеш-муаррифии давлату миллатро то имрӯз иҷро намуда истодааст.

Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон мебошад. Лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки инъикосгари таърих ва арзишҳои миллии халқамон мебошад, ифтихоровартарин лаҳзаҳоро дар масири тайкардаи худ сипарӣ намудааст. Яке аз ин рӯзҳо 25 ноябри соли 1992 аст, ки рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба Раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд. Баъди ин, Парчами давлатӣ дар болои бинои Қасри Арбоб дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессия таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Баҳри мақому манзалати Парчам чун рукни давлатдорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум дастгирӣ ёфт. Дар асоси ҳамин пешниҳод 30-юми августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, афрохта шуд, ки баландтарин парчам дар ҷаҳон аст. Дарозии матои ин парчам 60 метр ва бари он 30 метр мебошад.

Ҳамин аст, ки эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Парчам ифодагари ифтихори миллӣ, устувориву пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз қарзи фарзандиву шаҳрвандии мост, ки ба ин арзишҳои миллӣ содиқона арҷ гузорем.

Неъмат МИРЗОЗОДА,
судяи Суди вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода