Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тақдими меҳр


Тақдими меҳр



Аз талъати хуршед дар Парчами мо нур аст,
Дар Парчами мо ахтар, файзи нафаси ҳур аст.
Дар хунраги сурхи он хуне зи Каён ҷорист,
Дар парчам, аё миллат, мероси ватандорист.
Хуршедсифат дар Шарқ ҷовид ливои мост,
Он меҳри Худои мост, он рамзи бақои мост.
Дар парчами мо сарсабз умри падарон бошад,
Болу пари истиқлол болу пари он бошад.
Аз партави ин Парчам оянда намоён аст,
Дар хатти сафеди он тақдир шукуфон аст.
Хуршедсифат дар Шарқ ҷовид ливои мост,
Он меҳри Худои мост, он рамзи бақои мост.
Дар Парчами мо тоҷе тоҷикию тобон аст,
Он тоҷи Ватан бошад дар тахти дилу
ҷон аст.
Бўсед варо аз меҳр, молед варо бар чашм,
Он рамзи ватандорист, мероси бузургон аст.
Хуршедсифат дар Шарқ ҷовид ливои мост,
Он меҳри Худои мост, он рамзи бақои мост.

Ҳақназар Ғоиб ,
Шоири халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода