ПАРЧАМ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 266
Дар домани бирешумии парчами ватан
Рози ба ҳам танидани нахҳои ҷони мост.
Он рангҳо - салосаи сурху сафеду сабз
Таърихи мо, ҳамосаи мо, достони мост.
Бо пояи баланд
Ойинадори қомати насли ҷавони мост.
Дар рӯзгор - сабқати манзумаофарин,
Ин мисраи баланд
Сар барзада зи сафҳаи табъи равони мост!
Дар вожае асолати мо гар муҷассам аст,
Он вожа парчам аст!
Боғи муаллақе
К-аз ранги сабз об хӯрад навбаҳори ӯ,
Хандад шукуфаҳои сафед аз канори ӯ,
Чун лаъли сурх ҷилва кунад лолазори ӯ,
Паҳнои парчам аст.
Тоҷаш ба мисли гул буваду ҳафт ахтараш,
Монанди ҳафт қатраи зебои шабнам аст.
Сайри қадаш зи мард шуҷоат кунад талаб,
Авсофи ӯ зи фард фасоҳат кунад талаб,
Ҳуснаш зи чашм дарси назокат кунад талаб,
Меҳраш даруни сина масоҳат кунад талаб,
Ин рамзи бас шариф шарофат кунад талаб,
Озодагию фазлу наҷобат кунад талаб.
Мо қадди худ ба парчами худ поя мекунем,
Бар офтоб бурдаву ҳамсоя мекунем!
Боз, ой, эй рафиқ,
К-аз ҳиммати баланд ба худ болу пар кунем,
Бар кибриёи бахту саодат сафар кунем.
Ҷуз ҳафт хон нест раҳи ҳафт осмон,
Бархез, то ҳамосаи парвоз сар кунем!
Парчам сутуни боми тавонмандии кас аст,
Ӯ ифтихорзост, ҳамин як сухан бас аст!
Парчам, маро ҳамеша тамошоят орзуст,
Як мисраи баланд чу болоят орзуст!
Озар САЛИМИЁН,
Шоири халқии Тоҷикитон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00