Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Вохӯрии раиси вилоят бо ҳайати намояндагони Ҷопон


Вохӯрии раиси вилоят бо ҳайати намояндагони Ҷопон



Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагони Ҷопон - Ванг Ҳао муовини роҳбари генералии ширкати сармоягузории “JINRU I INVESTM ENT COM PAN Y” ва Вей Cяо Дон, муовини роҳбари ширкат мулоқот намуд.

Тибқи иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон зимни вохӯрӣ Давлаталӣ Саид нахуст меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан, барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё кардааст.

Бояд зикр намуд, ки “JINRUI INVESTMENT COMPANY” ширкати муштараки Ҷопону Чин ба ҳисоб рафта, асосан бо хариду фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла лимӯ ва гелос машғул аст. Макони асосии сармоягузории ширкат дар шаҳри Осакаи Ҷопон ва вилояти Гуандуни Чин мебошад.

Дар мулоқот намояндагони ширкат тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати коркарди ниҳоӣ ва содироти лимӯ бо вилояти Хатлон ҳамкорӣ намуда, барои боз ҳам сифатнок намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ курсҳои омӯзишӣ бо деҳконон ба роҳ монда, барои рушди соҳаи сайёҳии вилоят мусоидат намоянд.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода