Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Д. САИД : «Мо алоқаманди рушди ҳамкорӣ бо соҳибкорони Қазоқистон ҳастем»


Д. САИД : «Мо алоқаманди рушди ҳамкорӣ бо соҳибкорони Қазоқистон ҳастем»




Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистонро ба ҳузур пазируфт, дар ин хусус шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин намояндагони доираҳои тиҷоративу сармоягузории Қазоқистон Қайрат Турсимбоев, Худоев Рамеш, директори минтақавии ҶСК «Ширкати суғуртаи содиротии «KazakhExport» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон табодули назар карданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ёдовар гардид, вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи кишвар буда, дар он қариб чор миллион нафар аҳолӣ ба сар мебаранд. Вилоят ҳамеша бо маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳо, харбузаву пиёз машҳур аст. Танҳо соли гузашта дар вилоят 410,0 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ истеҳсол гардид, ки қисми зиёди он ба бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Қазоқистон содир гардид.

Дар вилоят ҳамасола зиёда аз 80 ҳазор тонна нахи пахта, 55 ҳазор адад пӯст аз чорвои калони шохдор ва чорвои майда, инчунин зиёда аз шаш ҳазор тонна пашм истеҳсол мешавад, ки қисми зиёди он ба хориҷ содирот мешавад. 

Раиси вилоят зикр намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди ин ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар саноати сабук замина мегузорад.

“Мо алоқаманди рушди ҳамкорӣ дар самти коркарди меваю сабзавот ва консерва барои содирот ба Қазоқистон ва кишварҳои сеюм, бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти чорво, аз ҷумла пашму пӯст, таъсиси марказҳои логистикӣ дар вилояти Хатлон, бунёди корхонаҳои коркарди пахта ва ба маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он бо тамаркуз ба содирот ҳастем”, – идома дод раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Қазоқистон табодули андеша карда, барои зиёд намудани ҳаҷми содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳавасмандӣ нишон доданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода