РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРХОНИ ҶДММ "ИСТ КОТТОН НФР" ДИДАН КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 299
18 ноябр зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ёвон аз рафти коркарди ҳосили пахтаи соли 2023 дар корхонаи ҶДММ “Ист Коттон НФР” дидан кард.
Бино ба хабари шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Ист Коттон НФР” (собиқ ҶДММ “Эком”) дар деҳаи Тағойободи Ҷамоати деҳоти "Обшорон" бо ҷалби сармояи хориҷӣ соли 2012 бунёд гардида, ба фаъолият шуруъ намудааст.
Сипас, соли 2014 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдуллоев Тоҷиддин харидорӣ гардида, ҳамчун ҶДММ “Ист Коттон НФР” фаъолият дорад.
Таҷҳизотҳои истеҳсолии корхона тавлиди ИМА буда, соли барориши 1978 мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 30 ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад. Дар баробари ба фаъолият шуруъ намудани корхона то 50 нафар шаҳрвандон бо кори мавсимӣ таъмин гардидаанд.
Корхона аз ҳосили пахтаи соли 2023 ба миқдори 1378 тонна пахта қабул намуда, 510 тонна нахи соф, 698,6 тонна пунбадона ва 26,8 тонна тибит истеҳсол кардааст.
Аз ҳосили пахтаи соли равон то ин ҷониб ба миқдори 2878 тонна пахта қабул намуда, ба ҳолати 1 октябр ба миқдори 169,5 тонна нахи пахта, 238 тонна чигит ва 13,4 тонна тибит истеҳсол намуда, имрӯзҳо фаъолияти пурмаҳсул дорад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...