БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МАКТАБ БАРОИ 640 ХОНАНДА ДАР ЁВОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 227
18 ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон нахуст аз ҷараёни корҳои сохтмони бинои нави иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69, ки дар деҳаи Тағойободи Ҷамоати деҳоти "Обшорон" воқеъ аст, шинос гардид.
Сохтмони бинои нави МТМУ №69 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаи сохтмонӣ бо тарҳи нави замонавӣ барои 640 нафар хонанда дар ду баст аз ҳисоби буҷети ноҳия ва саҳми маҳал ҷамъ бо маблағи 3 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 16 синфхона, хонаи омӯзгорон, ҳуҷраи кории директор, майдончаи варзишии замонавӣ иборат мебошад. Айни замон дар ошёнаи якум корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар ошиёнаи дуюм корҳо бомаром идома дорад.
Дар охир раиси вилоят Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ тезонда шавад ва дар амалӣ шудани иқдомоти мазкур, қабл аз ҳама, роҳбарон, шуруъ аз раиси ноҳия то сардорони ташкилоту муассисаҳо намунаи ибрат бошанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00