Қаҳрамону Пешвои миллатат хонад ҳама!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 286
«Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки қонунҳои аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдоришуда дар пайравӣ аз сиёсати оқилона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили боз ҳам бештари низоми ҳуқуқии кишвар мусоидат намуда, ҷиҳати ҳамаҷониба ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд».
Рустами ЭМОМАЛӢ ,
раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
***
«Маҳбубтарин инсон дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо-дӯстдори хурду калон, пиру барно, солдидаю наврас, мардуми бурунмарзию бумӣ воқеан як нафари арзандаю шоиста, хуршедсимою бовиқор ва сарбаланду ҷавонмард, хирадпешаю дурандеш – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва инро миллионҳо нафар одамони касбу кори гуногун бо шодмонӣ тасдиқ менамоянд».
Қоҳир РАСУЛЗОДА ,
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
*****
«Дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таърих бори дигар собит кард, ки наҷот ва ҳифзи давлат ва миллат дар замонҳои душвор ба зуҳури шахсиятҳои барҷастаи миллӣ, ки битавонанд дар ҳаллу фасли мушкилоти мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамои халқи худ гарданд, дар ҳолатҳои мухталиф қарорҳои муҳим қабул намоянд ва дар дили одамон умед ба ояндаи некро ҷой диҳанд, бастагӣ дорад».
Озода РАҲМОН ,
роҳбари Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
******
«Яке аз ҷиҳатҳои барҷастаи воқеияти кохи нури Роғун рамзи аёни он – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки чун ташаббускору илҳомбахш ва ҳидоятгару ташкилотчии ин амали бузурги таърихӣ дар ин маврид ҳам нисбат ба халқу Ватан хираду дурандешӣ, қатъияту устуворӣ, дилсӯзиву ғамхории амиқи инсонӣ ва муҳаббату садоқати ҳақиқии сарвариву фарзандӣ нишон доданд…»
Асадулло РАҲМОН,
ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои кадрҳо
*****
«Пешвои миллат, Сарвари муаззами ҳизб дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу тақдирсози таърихӣ масъулияти бузурги бунёд ва таҳкими пойдевори низоми нави давлатдориро ба дўши худ гирифта, бо қабули қарорҳои муҳиму калидӣ, татбиқи воқеии онҳо дар як марҳилаи кўтоҳи таърихӣ кишварро аз хатари маҳвшавӣ наҷот доданд ва Тоҷикистон дар радифи кишварҳои фазояш амну ором ва рў ба тараққӣ қарор гирифт».
Абдуҷаббор АЗИЗӢ,
муовини аввали Раиси ҲХДТ
****
«Эҳсоси фавқулодаи ватанпарварӣ, миллатдӯстӣ, арҷгузории самимона ба таъриху фарҳанг, эҳёи дубораи ҷашну маросимҳои мардумӣ, садоқати беандоза ба марзу буми аҷдодӣ, шуҷоату ҷавонмардӣ дар роҳи ҳифзи асолати миллӣ бе ҳеҷ шакку шубҳа маро ба хулосае овард, ки Пешвои муаззами миллатро тоҷики асили давлатсоз дар олами имрӯзаи мо ном барам!».
Фарҳод РАҲИМӢ ,
президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
****
«Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некуаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад».
Кароматулло ОЛИМОВ ,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
****
«Дар тӯли тамоми умри дарозам ман нашунидаам, ки касе аз роҳбарони ҷумҳурӣ дар бораи забони модарӣ чунин суханони баланд ва пурарзиш гуфта бошад. Ҷойи шубҳа нест, ки миллати тоҷик аз Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як арбоби барҷастаи давлатӣ, ки марҳилаи нави худогоҳии миллиро оғоз бахшид, сипосгузор хоҳад буд».
Муҳаммадҷон ШАКУРӢ ,
академик, доктори илмҳои филологӣ
****
«Ман, бовар кунед, барои бозгашт ба сиёсат розигӣ намедодам, агар итминон намедоштам, ки сарнавишт ба мо шахси оқил, покдоман ва боистеъдодро дар симои Эмомалӣ Раҳмонов фиристодааст».
Қаҳҳор МАҲКАМОВ ,
нахустин ва охирин Президенти
ҶШ С Тоҷикистон (солҳои 1990-1991)
*****
«Ба нафақа баромада, дар бораи имрӯзу фардои Ватани худ, халқи ҷафокашидаи худ ман бисёр фикр мекардам. Аммо, вақте ки ман Президент Эмомалӣ Раҳмоновро ҳамчун шахсият ва сиёсатмадор шинохтам, боварӣ ҳосил кардам, ки Тоҷикистонро ояндаи бузург интизор аст. Халқи тоҷик сарнавишти худро ба шахси мутмаин бовар кардааст».
Раҳмон НАБИЕВ,
собиқ Президенти Тоҷикистон
(солҳои 1991-1992)
****
«Ташаккули давлати ҳақиқатан мустақили тоҷикон дар замони иттисоли ду ҳазорсола бо ном ва фаъолияти гуногунҷанбаи Президент Эмомалӣ Раҳмон бастагии мустаҳкам дорад. Хизматҳои ӯ дар назди Ватан ва миллати худ бо саҳме, ки Авраам Линколн, де Голл, Камол Отатурк ва дигар пешвоёни ҷаҳон дар замонҳои гуногун дар рушди кишварҳои худ гузоштаанд, муқоисашаванда аст».
Маҳмадсаид УБАЙДУЛЛОЕВ,
раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2000-2020)
****
«Мисли он ки аз баракати талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи Сомониёни бузург пас аз ҳазор сол эҳё ва парчами давлатдории тоҷикон то абад пойдор гардид, ҳамчунон номи ӯ низ дар ҳофизаи наслҳои сипосгузори баъдӣ абадан боқӣ хоҳад монд».
Лоиқ ШЕРАЛӢ ,
Шоири халқии Тоҷикистон
***
Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод. Ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро афв кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргар-донда, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон мебошад.
Шукурҷон ЗУҲУРОВ ,
собиқ раиси Маҷлиси намояндагон
***
Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вақти бағоят сангин Роҳбари давлат интихоб шуданд. Хушбахтона, барои сокинони кишвар сулҳ оварда, Тоҷикистонро ба гулистон табдил доданд. Мақоми давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштанд. Аз хурд то бузург бояд ба дастовардҳо эҳтиром гузорем. Ба қадру қимати заҳматҳои Сарвари давлат бояд расид!
Низорамоҳ Зарифова,
ходими намоёни сиёсию ҷамъиятӣ
*****
«Неруи Президент Эмомалӣ Раҳмонов — ин қаробат бо одамон, маҳкамии торҳо бо халқе, мебошад, ки ӯ аз домони вай зуҳур намудааст».
Раҳим МАСОВ ,
академик, доктори илмҳои таърих
****
«Дар таърихи давлатдорӣ номи сиёсатмадорон бо хидматҳои онҳо рабт дода мешавад. Ба андешаи ман, номи Президент Эмомалӣ Раҳмон на танҳо бо хидматҳояш дар ҷодаи ноил шудан ба сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ, инчунин дар соҳаи рушди фарҳанг, адабиёт, дастгирии олимон ва нависандагон — дар сатри хос сабт хоҳад шуд».
Абдулҳамид САМАД ,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...