Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон – ибтидои раванди давлатсозии тоҷикон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 305
Тавре ки ба мову шумо маълум, имрӯзҳо дар тамоми кишвар яке аз санаҳои бисёр муҳим барои миллату давлати мо ҷашн гирифта мешавад, ки солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ин Иҷлосия аз он хотир Иҷлосияи тақдирсоз ном гирифт, ки тақдири миллати тоҷик, тақдири давлати тоҷикон дар он масъалагузорӣ шуда, ҳалли худро ёфт. Рӯзҳо, соату дақиқаҳо лаҳза ба лаҳза моро торафт ба ҷашни пуршукӯҳи дарпешистода 31-солагии Иҷлосияи сарнавиштсоз ва ба қавли шоираи боистеъдодамон Фарзона “Иҷлосияи муждарасони наҷот” наздиктар месозад. Дар қасри пурфайзу бобаракати Арбоб тақдири халқу кишварро ҳаллу фасл намуданд, ҳамчунин меҳмонони зиёде ҷамъ омада, ҷашни тақдирсозро бо шукӯҳу шаҳомат қайд менамоянд.
Қасри муҳташами Арбоб ба мисли як зумра иншооти нодири ҷаҳон – Кремл, Тоҷмаҳал ва аҳромҳои Мисру манораи Эйфел мавзеи таърихиву фарҳангӣ, илму маърифат ва барои сайёҳони кишварҳои дуру наздик ва меҳмонон аз манотиқи гуногуни кишвар машҳур гаштааст. Воқеан, Қасри Арбоб бо шарофати баргузор гаштани Иҷлосияи таърихи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳбубияти баландро соҳиб гашта, вирди забони хурду бузург гардидааст. Имрӯзҳо мавзеи Қасри Арбоб мақоми таърихӣ, ҷойи истироҳатӣ ва тамошогоҳи сокинони маҳалливу хориҷӣ гардидааст.
Санги аввали бино соли 1951 аз тарафи Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров гузошта шудааст. Соли 1957 ба муносибати 40-солагии ғалабаи Инқилоби Октябр ин қасри муҳташам мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Роҳбари умумии сохтмон раиси овозадори хоҷагӣ, ду карат Қаҳрамони меҳнат Саидхӯҷа Урунхоҷаев ва сармеъмор Ҳикмат Юлдошев буданд. Дар бунёд ва сохтмони ин қасри бошукӯҳ мошинҳои борбардор ва техникаи замонавиро истифода накардаанд, балки бо усули халқӣ сохта шудааст.
Қасри Арбоб ба номи Саидхӯҷа Урунхоҷаев дар шаҳри Хуҷанд яке аз шоҳкориҳои меъмории асри ХХ мебошад. Онро деҳқонони одӣ сохтаанд. Қаср дар теппаи Арбоб сохта шудааст, аз ин рӯ маҷмаа номи Арбобро гирифтааст. 7 сол лозим шуд, ки тамоми қаср бо дасти сокинони се деҳа сохта шавад. Асари санъатро чор нафар беҳтарин устодони ҷумҳурӣ дар давоми чор сол офаридаанд.
Девору шифти бино бо нақшу нигори дурахшон ранг карда шудааст. Онҳо дорои чор унсур – об, оташ, ҳаво ва замин мебошанд. Дар ин ҷо нақшу нигори заминҳои пахта, гандум, ангур ва дигар меваҳои ин сарзамин низ акс ёфтааст. Барои ороиши дохилӣ устоҳо аз санъати кандакорӣ истифода мебурданд. Ҳамаи 8 долони хурду як долони калон бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.
Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 20-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои асосии қаср бо назардошти арзиши бузурги меъмориву таърихии офаридаҳои устоҳои пешина азнавсозӣ гардид. Сохтмончиён кӯшиш карданд, ки нақшу нигор ва рангубори аслии сақф ва деворҳои онро нигоҳ доранд. Наққошону кандакорон ба ҷойи музди кор номҳояшонро дар сақфи биноҳо нақшбандӣ намудаанд.
Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри ҳифзи Истиқлоли кишвар 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.
Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.
Дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шурои Олӣ, Раиси Шурои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.
Баҳрулло ФАЙЗАЛИЗОДА,
доктори илмҳои педагогӣ,
профессор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...