Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » "МАКТАБИ САРВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ",


"МАКТАБИ САРВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ",



  • Зери ин унвон дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гашт.
Дар ҷамъомад Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Авзалов Ғайбулло, раиси Шурои куҳансолони ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Мусоева Рафиқа, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоналӣ Қурбонзода, доктори илмҳои таърих, намояндагони сохторҳои вилоятӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.



Инчунин, дар конференсия тариқи онлайнӣ аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, иброз дошт, ки бо назардошти хидматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳалқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо ин санаи фархундаро бо эҳтиром ба Сарвари давлат ҳамчун Рӯзи Президент бо фараҳу шодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд.

Дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад.



Дар идомаи чорабинӣ Авзалов Ғайбулло, раиси Шурои куҳансолони ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон маърӯза намуда қайд кард, ки дар натиҷаи фаъолияти бисёрсамтаи Пешвои миллат давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Дар идомаи конференстия Мусоева Рафиқа, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоналӣ Қурбонзода, доктори илмҳои таърих оид ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.




Дар охир, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби дастаи "Леваканд"-и назди донишгоҳ иборат аз шеъру суруд ва рақсу оҳангҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода