Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАНҒАРА - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ БЕҲТАРИН НОҲИЯ


ДАНҒАРА - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ БЕҲТАРИН НОҲИЯ



3 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибони “Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2023” баргузор гардид.

Ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ диплому мукофоти Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ғолибон дар номинатсияҳои хонаи беҳтарин, маҳаллаи аҳолинишини беҳтарин, деҳаи беҳтарин, беҳтарин деҳот, шаҳраки беҳтарин, ноҳияи беҳтарин ва шаҳри беҳтарин ба диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. 

Дар “Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2023” ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз рӯи номинаи “Беҳтарин ноҳия” сазовори ҷойи 2-юм гардид.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода