Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 319
Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот ҷараён дорад. Лозим ба зикр аст, ки ҳамоиш ба муносибати Рӯзи миллии соҳибкорон ва Рӯзи байналмилалии занони деҳот сурат гирифт.
Дар фестивали мазкур раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, муовини роҳбари намояндагии USAID Кевин Дин, директори барномаи GIZ дар Тоҷикистон Вулф Хенрик Горатсий, сарнамояндаи JICA дар Тоҷикистон Имаи Суджи, роҳбарияти вилояти Хатлон ва дигар намояндагони вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок доранд.
Зимни суханронии худ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳор дошт, ки саҳми занон дар соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон арзанда буда, шумораи саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба 162 000 нафар мерасад, ки 11 446 нафарашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
-Шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз ҳамагӣ 23 540 нафар буда, аз инҳо 2654 нафар бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 1160 нафар бо шаҳодатнома дар низоми махсус, 7445 нафар бо патент, 835 нафар бо роҳбари шахсони ҳуқуқӣ, 11 446 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ инфиродӣ фаъолият менамоянд,- гуфт раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.
Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят назаррас буда, дар соҳаи кишоварзӣ 162 034 нафар ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 11 446 нафар мебошанд.
Дар фестивал 841 нафар занону бонувон аз шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат доранд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...